РАИСИ НАВИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ СОЗМОНҲОИ ТИҶОРАТИИ ҶТ

Август 1, 2009 10:19

                  Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Раиси иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони моли мамлакат Некрӯй Забиров дар маҷлиси навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози созмонҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки 30 июл баргузор гардид, боз раиси Шӯрои мазкур интихоб шуд. Дар ҳамин маҷлис аъзои Шӯро ба гурӯҳҳои корӣ тақсим шуданд. Вазифаи онҳо амалӣ сохтани барномаи беҳтар сохтани фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат дар давоми 200 рӯзи ислоҳот мебошад.                  Иштирокчиёни маҷлис низомномаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозро қабул намуда, меморандуми ҳамкориро бо созмонҳои дигари тиҷоратии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ тасдиқ намуданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Шӯрои ҳамоҳангсози созмонҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон соли 2007 ташкил шуда буд. Ҳадафи он муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди созмонҳои тиҷоратӣ барои амалӣ гардондани ислоҳоти иқтисодӣ ва муҳайё сохтани шароит барои рушду нумӯи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар мамлакат мебошад.

Август 1, 2009 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд