РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛОРУС ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 4 то 7 сентябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Белорус бахшида ба иди миллии Рӯзи хатти Белорус чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар доираи ин ҷашн Анҷумани III байналмилалии «Матни бадеӣ — ҳамчун воситаи муоширати халқҳо» баргузор мегардад. Адиби шинохтаи тоҷик, тарғибгари адабиёти муосири ду кишвари дӯст Ато Ҳамдам аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин маърака даъват шудааст, ки маърӯзаи ӯ дар ин анҷуман дар назар дошта шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни миллии хатти белорусӣ бо ташаббуси бевоситаи Ато Ҳамдам ва раиси Нашриёти «Адабиёт ва санъат»-и Ҷумҳурии Белорус Алес Карлюкевич 2 китоби адибони тоҷик — Баёзи назми муосири тоҷик бо номи «Зери ахтари Рӯдакӣ» бо забони белорусӣ ва китоби хотираҳои сафари Алес Карлюкевич ба Тоҷикистон, осори баргузидаи адибони маъруфи тоҷик Сайидалӣ Маъмур ва Фарзонаро бо номи «Тоҷикистон: Сафар ба абадият» аз чоп баромаданд. Инчунин, тариқи Нашриёти «Ирфон» маҷмӯаи ашъори шоири русзабони Белорус Юрий Сапожков бо номи «Нуқтаи бебозгашт» аз чоп баромад, ки онро шоири шинохта Зиё Абдулло тарҷума кардааст. Адибони маъруфи тоҷик Низом Қосим ва Ато Мирхоҷа ҳамчун арзи эҳтиром китоби шоири тавонои Белорус Микола Метлитскийро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба чоп омода кардаанд, ки то охири сол ба дасти хонандагон хоҳад расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






