РОҲБАРИ ДАФТАРИ САҲА БО ТОҶИКИСТОН ХАЙРБОД МЕКУНАД
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Роҳбари Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Владимир Пряхин 21 август бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати хизматаш дар мамлакати мо бо директори Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ Рустам Назаров мулоқот кард. Мусоҳибон ба сатҳи ҳамкории САҲА ва Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, барномаҳои гуногуни САҲА дар ин хусус, аз ҷумла, нақшаи муштараки гузаронидани тадбирҳои якҷояи пешгирикунанда, огоҳкунанда ва ташвиқию тарғибӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон баҳои баланд доданд. Ҳар ду ҷониб аҳамияти калони ҳамкориро зикр намуда, изҳори умед карданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА дар муборида ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор давом дода хоҳад шуд. В.Пряхин дар фарҷоми сӯҳбат дар дафтари меҳмонони ифтихории агентӣ соядаст гузошт.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






