РОҲБАРИ ДАФТАРИ САҲА БО ТОҶИКИСТОН ХАЙРБОД МЕКУНАД

Август 24, 2009 10:23

                   Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Роҳбари Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Владимир Пряхин 21 август бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати хизматаш дар мамлакати мо бо директори Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ Рустам Назаров мулоқот кард.                   Мусоҳибон ба сатҳи ҳамкории САҲА ва Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, барномаҳои гуногуни САҲА дар ин хусус, аз ҷумла, нақшаи муштараки гузаронидани тадбирҳои якҷояи пешгирикунанда, огоҳкунанда ва ташвиқию тарғибӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон баҳои баланд доданд. Ҳар ду ҷониб аҳамияти калони ҳамкориро зикр намуда, изҳори умед карданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА дар муборида ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор давом дода хоҳад шуд.                 В.Пряхин дар фарҷоми сӯҳбат дар дафтари меҳмонони ифтихории агентӣ соядаст гузошт.  

Август 24, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд