САФАРИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ТОҶИК БА АМОРАТХОИ МӮТТАҲИДАИ АРАБ МАҲДУД КАРДА
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар шароити душвори имрӯза, хусусан бо таъсири бӯҳрони шадиди молиявӣ мардикорони тоҷик асосан барои ёфтани маблағ ва таъмини рӯзгорашон ба мамлакатҳои собиқи Шӯравӣ, асосан ба Федератсияи Русия сафар мекунанд. Занону духтарони тоҷик дар аксари мавридҳо барои кор ба хориҷа рафта, қурбони дасисаҳои одамфурӯшон мегарданд. Бинобар ин мақомоти салоҳиятдори Аморатҳои Муттаҳидаи Араб дар баъзе мавридҳо метавонад аз додани раводиди вуруд ба занону духтарони хориҷии то 30 сола сарфи назар намояд. Занону духтарон ба ин мамлакат танҳо ҳамроҳи шавҳарон ё мардони хешу таборашон сафар карда метавонанд. Илова бар ин ба бачагони ноболиғ иҷозат дода мешавад, ки танҳо ҳамроҳи падару модаронашон ба хориҷа сафар кунанд. Агар фарзанди ноболиғ, хусусан духтарони аз 10 то 16 сола танҳо ҳамроҳи модар бе мушоияти падар ба сафар бароянд, дар ин маврид ба онҳо низ раводиди вуруди баъзе мамлакатҳои араб дода нахоҳад шуд. Дар ин бора дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Майдони байналхалқии ҳавоии Душанбе» сухан рафт. Муовини директори генералии корхона Азиз Иброҳимов зикр намуд, ки занону духтарони тоҷик ба мамлакатҳои араб асосан аз Маскав ва баъзе шаҳрҳои Осиёи Марказӣ парвоз мекунанд. Аз ҷумла, чанд нафар зане, ки дар мамлакатҳои араб аз асорати одамфурӯшон наҷот дода шуда буданд, изҳор намуданд, ки аз Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон ба Аморатҳои Муттаҳидаи Араб парвоз кардаанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






