САРМУҲАРРИРИ РӮЗНОМАИ ҚАЗОҚИСТОН СЕ СОЛ ҲАБС ШУД

Август 10, 2009 14:32

                     Алмаато, 10 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру ). — Сармуҳаррири рӯзномаи «Алмаато инфо» — и Қазоқистон Рамазон Есергенов барои фош кардани асрори махфии фаъолияти Кумитаи амнияти миллии мамлакат ба мӯҳлати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ӯ баъди озод шуданаш дар давоми ду сол ҳақ надорад, ки ба фаъолияти журналистӣ машғул шавад.                     Вобаста ба парвандаи ҷиноии Есергенов се нафари дигар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Яке аз онҳо соҳибкор Султон Маҳмадов мебошад, ки ба журналист дар бораи Кумитаи амнияти миллӣ маълумоти махфӣ додааст. С.Маҳмадов ба мӯҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд, инчунин молу мулки ӯ мусодира карда мешавад. Роҳбари гурӯҳи амниятии С.Маҳмадов Ерлан Сандибоев ба мӯҳлати 8 сол ва посбони соҳибкор Синявский ба мӯҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.                     Аз рӯи хабарҳои расида, дар рӯзномаи «Алмаато инфо» мукотибаи хидматии шӯъбаи вилоятии Кумитаи амнияти давлатӣ бо дастгоҳи марказии он дар бораи парвандаи ҷиноии бародарон Маҳмадовҳо чоп карда шудааст. Бародарон Маҳмадовҳо мувофиқи парвандаи ҷиноӣ ба напардохтани андоз гунаҳкор карда мешаванд.                     Кормандони мақомоти тафтиш баъди чопи мақола хонаи истиқоматии Есергеновро кофтуков карданд. Баъд чопи рӯзнома бо қарори суд ба мӯҳлати як моҳ боздошта шуд. Е.Есергенов моҳи декабри соли 2008 ба сафоратхонаи ИМА муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба ӯ дар ИМА паноҳгоҳи сиёсӣ дода шавад. Вале ин хоҳиши ӯ рад карда шуд.

Август 10, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд