САРМУҲАРРИРИ РӮЗНОМАИ ҚАЗОҚИСТОН СЕ СОЛ ҲАБС ШУД
Алмаато, 10 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру ). — Сармуҳаррири рӯзномаи «Алмаато инфо» — и Қазоқистон Рамазон Есергенов барои фош кардани асрори махфии фаъолияти Кумитаи амнияти миллии мамлакат ба мӯҳлати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ӯ баъди озод шуданаш дар давоми ду сол ҳақ надорад, ки ба фаъолияти журналистӣ машғул шавад. Вобаста ба парвандаи ҷиноии Есергенов се нафари дигар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Яке аз онҳо соҳибкор Султон Маҳмадов мебошад, ки ба журналист дар бораи Кумитаи амнияти миллӣ маълумоти махфӣ додааст. С.Маҳмадов ба мӯҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд, инчунин молу мулки ӯ мусодира карда мешавад. Роҳбари гурӯҳи амниятии С.Маҳмадов Ерлан Сандибоев ба мӯҳлати 8 сол ва посбони соҳибкор Синявский ба мӯҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Аз рӯи хабарҳои расида, дар рӯзномаи «Алмаато инфо» мукотибаи хидматии шӯъбаи вилоятии Кумитаи амнияти давлатӣ бо дастгоҳи марказии он дар бораи парвандаи ҷиноии бародарон Маҳмадовҳо чоп карда шудааст. Бародарон Маҳмадовҳо мувофиқи парвандаи ҷиноӣ ба напардохтани андоз гунаҳкор карда мешаванд. Кормандони мақомоти тафтиш баъди чопи мақола хонаи истиқоматии Есергеновро кофтуков карданд. Баъд чопи рӯзнома бо қарори суд ба мӯҳлати як моҳ боздошта шуд. Е.Есергенов моҳи декабри соли 2008 ба сафоратхонаи ИМА муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба ӯ дар ИМА паноҳгоҳи сиёсӣ дода шавад. Вале ин хоҳиши ӯ рад карда шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






