СЕ ХУДКУШӢ ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ

Август 26, 2009 11:06

                Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар мамлакат се ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд.                Аз ҷумла, сокини 35 — солаи ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Ибодулло Бостонов, ки пеш аз ин мувофиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи дурусти воситаҳои нақлиёт ҳабс шудааст, худро бо роҳи овехтан ба ҳалокат расонд.               Ҳодисаи дуюми худкушӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ рух дод. Дар ин ҷо сокини ҳамин ноҳия Қаҳрамон Ғуломов хушкушӣ кард.               Ғайр аз ин сокини 21 — солаи ноҳияи Ишкошим, донишҷӯӣ соли 2 — уми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Роҳат Исматбекова худро ба дарёи Панҷ партофт. Ҷасади духтар то ҳол ёфт нашудааст. Ҷӯстуҷӯи он давом дорад.               Аз рӯи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон ҳар сол аз 100 ҳазор нафар аҳолии мамлакат панҷ — шаш нафар худкушӣ мекунанд. Вале, ба қавли муҳаққиқони мустақил шумораи онҳое, ки ба худкушӣ даст мезананд, 2 — 3 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, мутахассиси ҳамин соҳа Даврон Муҳаммадиев ба қарибӣ зимни машварати бахшида ба ҳамин мавзӯъ дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ баргузоргардида дар ин бора сухан ронда буд. Вай зикр кард, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 540 ҳодисаи худкушии одамон ба қайд гирифта шуд.  

Август 26, 2009 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст