СЕМИНАРИ ЗАНБӮРПАРВАРОН ДАР ТАВИЛДАРА

Август 4, 2009 10:27

                   Тавилдара, 4 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» 2 август дар ноҳияи Тавилдара семинари нахустини занбӯрпарварони ҷумҳурӣ баргузор гардид. Семинар дар доираи дастурҳои Сарвари давлат гузаронида шуд, ки соли 2008 ба ин ҷо ташриф оварда буд. Сардори давлат ҳамон вақт тавсия дода буд, ки мутахассисони ҷавон ва занбӯрпарварони ҳаваскор ба ин соҳаи муҳим бештар ҷалб карда шаванд.                   Дар семинар роҳбарону намояндагони вазорати кишоварзӣ, раиси ноҳияи Тавилдара Ҳимматшо Ғайратов ва мутахассисон ширкат варзиданд.                  Дар ҷараёни семинар занбӯрпаварони пуртаҷрибаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон аз таҷрибаи кори худ дар соҳа ба занбӯрпарварони маҳаллӣ маълумот доданд. Олимони соҳаи чорводорӣ ба иштирокчиёни семинар тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.                  Директори корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» Музаффархон Ҳалимов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо қарори Ҳукумат барои пешрафти соҳаи зандӯрпарварӣ 4 миллион гектар алафзор ҷудо карда шудааст. Ин барои парвариши миқдори зиёди оилаҳои занбӯри асал ва бо ин ғизои муфид таъмин намудани аҳолии мамлакат комилан кифоя мебошад, гуфт вай.  

Август 4, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд