ШӮҲРАТИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОН
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Федератсияи байналхалқии футболи ҷаҳон дирӯз рӯйхати нави дастаҳои футболи мамлакатҳои ҷаҳонро дарҷ намуд. Дар рӯйхат ба ҳар дастаи футбол аз рӯи муваффақияти ба даст овардааш ва иштирокаш дар мусобиқаҳои байналхалқиву минтақавӣ баҳо дода мешавад. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар байни 203 мамлакат дар рӯйхати мазкур ҷои 155-ро ишғол намуд. Акнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Осиёӣ ҷои 28-умро ишғол мекунад. Дастаҳои футболи Осиёи Марказӣ дар ҷадвал ба тариқи зайл ҷойгир шудаанд: Ӯзбекистон дар ҷои 79, Қазоқистон дар ҷои 130, Туркманистон дар ҷои 145 ва Қирғизистон дар ҷои 160-ум қарор доранд. Дар рӯйхати нав дастаи ғолибомадаи Ҷоми федератсия-дастаи мунтахаби Бразилия пешсаф аст. Ҷойҳои аввали рӯйхатро дастаҳои футболи Испания, Голландия, Германия, Италия, Русия, Ангия, Аргентина, Фаронса ва Хорватия ишғол менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






