ШӮҲРАТИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОН

Август 6, 2009 12:13

                   Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Федератсияи байналхалқии футболи ҷаҳон дирӯз рӯйхати нави дастаҳои футболи мамлакатҳои ҷаҳонро дарҷ намуд. Дар рӯйхат ба ҳар дастаи футбол аз рӯи муваффақияти ба даст овардааш ва иштирокаш дар мусобиқаҳои байналхалқиву минтақавӣ баҳо дода мешавад. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар байни 203 мамлакат дар рӯйхати мазкур ҷои 155-ро ишғол намуд. Акнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Осиёӣ ҷои 28-умро ишғол мекунад. Дастаҳои футболи Осиёи Марказӣ дар ҷадвал ба тариқи зайл ҷойгир шудаанд: Ӯзбекистон дар ҷои 79, Қазоқистон дар ҷои 130, Туркманистон дар ҷои 145 ва Қирғизистон дар ҷои 160-ум қарор доранд.                    Дар рӯйхати нав дастаи ғолибомадаи Ҷоми федератсия-дастаи мунтахаби Бразилия пешсаф аст. Ҷойҳои аввали рӯйхатро дастаҳои футболи Испания, Голландия, Германия, Италия, Русия, Ангия, Аргентина, Фаронса ва Хорватия ишғол менамоянд.  

Август 6, 2009 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад