ШИНОСНОМАҲОИ БИОМЕТРӢ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва муовини раиси ширкати «Миҳлбайер» — и Олмон Людвиг Хубер дирӯз дар шаҳри Душанбе дар бораи тайёр кардани шиносномаҳои биометрӣ ва дастгоҳҳои дахлдори он қарордод имзо намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ширкати мазкур дар озмуни гузаронидаи Агентии хариди давлатии молу корҳо, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ғолиб омада буд. Шиносномаҳои биометрӣ дар Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои байналмилалии Созмони байналхалқии ҳавонавардии мулкӣ ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ ҷорӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






