СОҲИБКОРОНИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Август 4, 2009 09:36

                   Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов бо соҳибкорони Арабистони Саудӣ Ҳосим Осмон Ромиз Алҷабборӣ ва Камол Алҷаводӣ мулоқот анҷом дод. Тавре аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмонон изҳор намуданд, ки тайёранд ба соҳаҳои асосӣ ва муҳимтарини иқтисодиёти мамлакати мо сармоя гузоранд. Онҳо бо ин мақсад бо соҳаҳои ба гузоштани сармоя ниёзманди иқтисодиёти Тоҷикистон ва имкониятҳои бо ин мақсад дар қонунгузории мамлакати мо пешбинишуда дар бораи имтиёзҳо ба сармоягузорон шинос гардиданд.                  Одил Сангов зимни сӯҳбат ба меҳмонон дар бораи самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, истихроҷи қувваи барқ, истифодаи захираҳои об, истихроҷи маъдан, саноати сабук ва химия, дастгоҳсозӣ, сохтмони роҳу кӯпрукҳо, алоқа, сохтмони манзил ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ маълумоти муфассал дод.                                                                                                    Тарҷумон — Қудратов А.    

Август 4, 2009 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд