СОХТМОНИ КӮПРУКИ НАВ ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ
Рашт, 4 август. (АМИТ «Ховар», Ризвонов М.).- Сохтмони кӯпруки мошингузари деҳаи Янғолиқи ҷамоати деҳоти Ҷафр, ки баъди сохтмони он ба 16 ҳазор сокинони ҷамоатҳои Лангаришоҳ, Аскамон, Ҳиҷборак хизмат мерасонад, ҳанӯз дар солҳои шӯравӣ бо сабабҳои гуногун сохтмони он қатъ гардида буд. Соли 2008 бо дастгирии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ин кӯпрук, ки кайҳо одамон мунтазири сохтмонаш буданд оғоз гардид. Кӯпрукро сохтмончиёни Маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати нақлиёт ва коммунискатсияи ҶТ, Ҷамъияти саҳҳомии «Кӯпруксоз-32» ба ӯҳда доранд. Айни ҳол сохтмон бо муваффақият идома дошта, дарозии кӯпрук 226 метр, бараш 5 метру 90 сантиметр, борбардориаш 60 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳоло 80 % кори сохтмону монтажкунии пул ба сомон расидааст. Сохтмончиён ният доранд, ки сохтмони пулро дар охирҳои моҳи августи соли равон анҷом дода, онро ҳамчун тӯҳфаи ҷашнӣ пешкаши сокинони деҳаҳои номбурда намоянд.








КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст






