«СОМОН ЭЙР» БА СИСТЕМАИ ҲИСОБУ КИТОБ ВА ФУРӮШИ ЧИПТАҲОИ ОЛМОН ҲАМРО&#12

Август 13, 2009 16:07

                Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Тоҷикистон аввалин шуда, ба системаи ҳисобу китоби байниҳамдигарии ширкатҳои ҳавоии мамлакатҳои ҷаҳон дар бобати фурӯши чиптаҳо ҳамроҳ гардид.               Системаи мазкур бо мақсади хеле осонтар гардондани ҷараёни ба расмият даровардани чиптаҳои хавопаймо, тайёр кардани ҳисобот дар бораи фурӯши чиптаҳо ва баробар кардани ҳисобу китоб дар байни ширкатҳои ҳавоӣ барои хизматҳои расондашуда ташкил карда шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки доираи ҳамлу нақли бору мусофирон дар ширкати «Сомон Эйр» зиёд карда шавад.                 Ширкат ба системаи мазкур 6 августи соли 2009 ҳамроҳ шуд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баъди Ӯзбекистону Қазоқистон сеюмин мамлакат ва дар байни мамлакатҳои ИДМ 9 — умин мамлакатест, ки ба системаи махсуси ҳисобу китоб ва фурӯши чиптаҳои Олмон ҳамроҳ гардидаанд. Системаи мазкур соли 1971 дар Ҷопон ба роҳ монда шуда буд. Ҳоло онро 160 мамлакати ҷаҳон ва 400 ширкати ҳавонавардӣ истифода мебаранд. Дар миқёси ҷаҳон 80 фоизи чиптаҳои ҳавопаймо мувофиқи системаи мазкур фурӯхта мешаванд.                   Истифодаи он ба ширкатҳои ҳавонавардӣ имкон медиҳад, ки хароҷоти маъмурӣ кам карда, ҳисобот сари вақт тартиб дода, ҷараёни фурӯши чиптаҳо таҳти назорат гирифта, баҳсу мунозираҳо дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шаванд. Инчунин, системаи мазкур имкон медиҳад, ки чиптаи ҳавопаймоҳо дар муддати кӯтоҳ тайёр карда ва фурӯхта шаванд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳавопаймои нахустини ширкати «Сомон Эйр» 29 июли соли равон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Франкфурти лаби Майни Олмон парвоз карда буд.                                                                                               Тарҷумон — Қудратов А.   

Август 13, 2009 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад