«СОМОН ЭЙР» ЧИПТАҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ МЕФУРӮШАД

Август 10, 2009 16:14

                   Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Ҷамъияти саҳҳомии «Сомон эйр» дар Тоҷикистон аввалин шуда, ба фурӯши чиптаҳои электронӣ шурӯъ намуд. Аз дафтари матбуоти ҷамъияти саҳҳомӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аввалин чиптаҳои электронӣ ба мусофирони ҳавопаймои «Дубай — Душанбе» фурӯхта шуданд, ки 24 июл парвоз карда буд. Чиптаҳои мазкурро аҳли оилаи Ромин ном шахс хариданд, ки аз шаҳри Дубай ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекарданд. Дар мавриди истифодаи чиптаҳои электронӣ мусофирон аз ташвиши харидани чиптаҳои муқаррарӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва ғайра озод карда мешаванд. Қайд карда шуд, ки фурӯши чиптаҳои электронӣ ояндаи наздик дар ҳамаи кассаҳои «Сомон эйр» ба роҳ монда мешавад.                  Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки чиптаҳои электронӣ бори аввал соли 1996 дар Иёлоти Муттаҳиди Амрико мавриди истифода қарор гирифта буданд. Онҳо дар муддати кӯтоҳ дар бисёр мамлакатҳо паҳн гардиданд. Чиптаи электронӣ шакли электронии чиптаи ҳавопаймо мебошад, ки ба ҷои чиптаи муқаррарӣ истифода карда мешавад. Зимни харидан ё фармоиш додани чиптаи электронӣ маълумот дар бораи мусофир, ҳуҷҷатҳо ва хати парвози он дар маркази маълумоти компютерӣ ҷой дода мешавад. Маълумоти мазкур дар маркази компютерӣ дар давоми панҷ сол нигоҳ дошта мешавад. Бо ҳамин имконияти гум кардани чипта ё фаромӯш кардани он аз байн меравад.      Мусофирон метавонанд дар фурудгоҳҳо ному насаби худро зикр намуда, чиптаи электронӣ гиранд. Онҳо бо ин роҳ метавонанд барои аъзои оила ва хешу таборонашон, ки дар шаҳрҳои дигар мебошанд, чипта фармоиш диҳанд.

Август 10, 2009 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд