«СОМОН ЭЙР» НАРХИ ЧИПТАҲОРО АРЗОН МЕКУНАД
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати ҳавонавардии Сомон Эйр» хабар медиҳад, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймои «Душанбе — Франкфурти лаби Майн» аз 13 август то 31 октябри соли равон дар салони дараҷаи дуюми он 450 евро муқаррар карда шуд. Нархи чиптаи мазкур то 13 август 650 евро буд. Роҳбарияти ширкат бо мақсади ҷалби мусофирон ва дастгирии онҳо, инчунин бештар сохтани қобилияти рақобатпазирии ҳавопаймоҳои ширкат дар арсаи ҷаҳон чунин қарор қабул намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ҳавопаймои мусофирбари ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба шаҳри Франкфурти лаби Майн бори аввал 29 июли соли равон парвоз карда буд. Вақти парвози он аз Душанбе ба Франкфурти лаби Майн 7 соат ва бозгашти ҳавопаймо ба Душанбе 6 соат мебошад. Бояд гуфт, ки дар байни шаҳрҳои Душанбе ва Франкфурти лаби Майн танҳо ҳавопаймоҳои нави «Боинг — 737» парвоз мекунанд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






