СУҒДӢ БО ҶУРМИ КИШТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР БОЗДОШТ ШУД
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадҷон Назриев хабар дод, 18 августи соли ҷорӣ дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Худойназар Бобоназаров, соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, коргари корхонаи насосҳои обкашии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Сирандуд», дар ҳудуди корхонаи мазкур барои парвариши ғайриқонунии зироатҳои нашъадор боздошт гардид. Ҳангоми аз назар гузарондани ҳудуди корхона 8 бех ниҳоли бангдона дарёфт карда шуд. Парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот давом дорад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






