ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон қарор дод, ки бахшида ба Иди истиқлолияти Ӯзбекистон ва ҷашни 2200 — солагии шаҳри Тошканд дар Душанбе силсилаи ҷамъомадҳои ботантана гузаронад. Аз ҷумла, 28 август дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоишгоҳи калони китоб кушода мешавад, ки дар бораи таърих ва ҳаёти имрӯзаи мардуми Ӯзбекистон нақл мекунад. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоисломов, намояндагони зиёиёни эҷодкори мамлакат, созмонҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки миллатҳои сокини Ӯзбекистон 1 сентябр 18 — солагии ташкили давлати мустақили худро ҷашн мегиранд. Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 31 августи соли 1991 эълон шуда буд. Аз ҳамон сол ин ҷониб 1 сентябр ҳамчун иди давлатӣ таҷлил карда мешавад. Имсол инчунин 2200 — солагии пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд ботантана ҷашн гирифта хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






