ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Август 10, 2009 16:20

                             Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 18 август дар Тоҷикистон рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон бо назардошти соли таваллуди олим, мутафаккир, файласуф ва шоири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино муқаррар карда шудааст.                            Бо супориши вазири тандурустии ҷумҳурӣ дар арафаи ид тадбирҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Ба ин муносибат дар радио ва телевизиони ҷумҳурӣ бахшида ба мавзӯъҳои гуногуни соҳаи тиб барномаҳо пахш карда мешаванд. Инчунин дар воситаҳои ахбори оммавӣ дар бораи эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино ва дастовардҳои илми тибби Тоҷикистон хабару мақолаҳо чоп карда мешаванд. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино маҳфилҳои синохонӣ баргузор мегарданд. Дар муассисаҳои тиббӣ озмунҳои корманди беҳтарини соҳа гузаронида мешаванд. Ҳамчунин мулоқотҳо бо собиқадорони соҳа ва нафақахӯрон ба нақша гирифта шудаанд.                        Роҳбарияти вазорат ва кормандони беҳтарини соҳаи тибби ҷумҳурӣ субҳи 18 август ба пояи ҳайкали табиби машҳур, мутафаккир, файласуф ва шоири бузург Абӯалӣ ибни Сино гулдастаҳо хоҳанд гузошт. Ба ин муносибат дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ маҷлиси ботантана баргузор мегардад.                                                                                                 Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 10, 2009 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд