ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 18 август дар Тоҷикистон рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон бо назардошти соли таваллуди олим, мутафаккир, файласуф ва шоири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино муқаррар карда шудааст. Бо супориши вазири тандурустии ҷумҳурӣ дар арафаи ид тадбирҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Ба ин муносибат дар радио ва телевизиони ҷумҳурӣ бахшида ба мавзӯъҳои гуногуни соҳаи тиб барномаҳо пахш карда мешаванд. Инчунин дар воситаҳои ахбори оммавӣ дар бораи эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино ва дастовардҳои илми тибби Тоҷикистон хабару мақолаҳо чоп карда мешаванд. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино маҳфилҳои синохонӣ баргузор мегарданд. Дар муассисаҳои тиббӣ озмунҳои корманди беҳтарини соҳа гузаронида мешаванд. Ҳамчунин мулоқотҳо бо собиқадорони соҳа ва нафақахӯрон ба нақша гирифта шудаанд. Роҳбарияти вазорат ва кормандони беҳтарини соҳаи тибби ҷумҳурӣ субҳи 18 август ба пояи ҳайкали табиби машҳур, мутафаккир, файласуф ва шоири бузург Абӯалӣ ибни Сино гулдастаҳо хоҳанд гузошт. Ба ин муносибат дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ маҷлиси ботантана баргузор мегардад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






