ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 20 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шоми 19 август дар Душанбе 90-умин солгарди истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҷлил гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бо ибтикори Сафорати Афғонистон дар Душанбе доир карда шуд, намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ даъват гардида буданд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни табрикоти худ доир ба рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавор-Тоҷикистону Афғонистон сухан карда, ба сатҳи робитаҳои ҳасанаи ду кишвари дӯсту бародар баҳои баланд дод. — Бояд зикр кард, ки Афғонистон 19 августи соли 1919 баъди ҷангҳои тӯлонӣ истиқлолияти миллии худро аз бузургтарин императории ҷаҳон- Британияи Кабир ба даст овард. Дар роҳи ноил гардидан ба истиқлолияти миллӣ садҳо нафар фарзандони ин сарзамин қурбон гардиданд. 19 август ҳамасола дар Афғонистон ҳамчун Рӯзи миллӣ ҷашн гирифта мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






