ТАБИ ХУНИН ДАР ТЕМУРМАЛИК БАРТАРАФ ШУД

Август 21, 2009 09:08

                   Темурмалик, 21 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов).-Чаҳор сокини деҳаи Даъвати ноҳияи Темурмалик, ки бо сабаби гирифтори ба бемории таби хунин дар беморхонаи марказии ин ноҳия бистарӣ буданд, пурра шифо ёфтаанд. Раҷабалӣ Назаров, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик мегӯяд, беморон ва атрофиёни онҳо зери назорати пизишкон қарор доштанд ва ҳоло пурра хавфи паҳншавии ин беморӣ бартараф карда шудааст. Ба қавли ӯ таби хунин ба сокинони ин деҳа аз неши канаи ҳайвон сироят карда будааст.                   Пизишкон бемории таби хунинро аз қабили бемориҳои хатарноки сироятӣ унвон мекунанд.                    Ҳоло дар ноҳияи Темурмалик ягон нафар бемори таби хунин вуҷуд надорад-гуфт Назаров.

Август 21, 2009 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст