ТАЙЁРӢ БА ҶАШНИ 65 – СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ

Август 13, 2009 14:47

                        Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дирӯз маҷлиси раёсати Шӯрои ветеранҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он нақшаи тадбирҳои тайёрӣ ба ҷашни 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳокима карда шуданд. Иштирокчиёни маҷлис бори дигар пешниҳод карданд, ки фаъолияти ташкилотҳои ветеранҳо ва собиқадорони мамлакат дар доираи тайёрӣ ба ид пурзӯр карда шавад. Инчунин, рафти иҷрои барномаи тайёрӣ ба ид ва қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 23 октябри соли 2008 баррасӣ карда шуданд.                        Барнома пешбинӣ мекунад, ки ба коргарони ақибгоҳ баробари иштирокчиён ва маъюбони ҷанг ҳуқуқу имтиёзҳои баробар дода шаванд.                        Соли 2010 соли ветеранҳои ҷанг эълон шудааст. 9 майи соли 2010 ба муносибати 65 — солагии Ғалаба дар ҶБВ дар шаҳри Душанбе расми гузашти низомӣ баргузор мегардад. Тибқи нақша ба муносибати ҷашн медалҳои идона бароварда мешаванд.                       Пешниҳод шуд, ки ҳафтаи аввали моҳи майи соли 2010 «Ҳафтаи ёдбуд» эълон карда шавад.                       Моҳи апрели соли 2010 дар боғи Ғалаба аксҳои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва дорандагони се дараҷаи ордени «Шараф» насб карда хоҳад шуд. Дар ин ҷо инчунин Гулгашти қаҳрамонон васеъ карда мешавад.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки то 9 майи соли 2010 таҳияи «Китоби ёдбуд» ба охир расонда, ҷилди чоруми китоби адиби ҷангномавис Раҳмон Сафаров «Ҳазору як корнамоӣ» чоп карда хоҳад шуд. Дар театрҳои мамлакат бахшида ба мавзӯи ҷанг асарҳои саҳнавӣ намоиш дода мешаванд.Тарҷумон — Қудратов А.  

Август 13, 2009 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд