ТАЛАБАГОНИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ПЕРМ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Имсол аз Тоҷикистон барои таҳсил дар Омӯзишгоҳи давлатии рақсии вилояти Перми Федератсияи Русия 4 нафар ҷавони ҳунарманду боистеъдод фиристода мешавад. 5 август дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ озмуни интихобии ҳунармандони навраси аз 10 то 12 сола гузаронида мешавад. Аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Тоҷикистон бо ин мактаби ҳунарии вилояти Перм чандин сол боз ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло ҷавонони тоҷик дар курсҳои дуюм ва сеюми омӯзишгоҳи мазкур таҳсил мекунанд. Умед аст, ки онҳо баъди хатми таҳсил ба ватан баргашта, дар пешрафти санъати миллӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Ба ҳайати доварони озмун ҳунарпешаи маъруф Сталина Азаматова роҳбарӣ мекунад. Вай зикр намуд, ки дар Тоҷикистон анъанаи рақси классикии балет аз байн рафтааст. Ҳоло одатан ба бачагон рақсҳои гурӯҳӣ ё умумиро меомӯзанду халос. Омӯзишгоҳи давлатии рақси вилояти Перм ҳанӯз то оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъсис ёфта буд ва дар он роҳу усулҳо ва сирру асрори рақси классикӣ омӯхта мешавад. Омӯзишгоҳи мазкур мактаби олии ҳунарӣ мебошад ва умед аст, ки ҷавонони тоҷик дар он таҳсил намуда, ҳунари худро ҳамаҷониба сайқал хоҳанд дод, гуфт вай.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






