ТАНЗИМИ НАРХИ МАҲСУЛОТ ДАР МОҲИ РАМАЗОН

Август 21, 2009 15:46

                 Душанбе, 21 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Одатан ҳамасола бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозору марказҳои савдои ҷумҳурӣ бахусус пойтахт- боло рафта, боиси нороҳат шудани мардум мегардад. Ҳол он, ки дар дигар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон дар ин моҳ нархи маҳсулот поён фароварда шуда, эҳсонкорию саховатмандӣ шиори ҷомеаи баъзе аз давлатҳои мусулмонӣ мегардад. Ҷиҳати ба танзим даровардан ва паст намудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон чӣ тадбирҳо андешида мешавад? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба сардори раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти сиёсати зиддимонополӣ дар шаҳри Душанбе Саидмурод Зайнуддинов муроҷиат кард.                 С.Зайнуддинов иброз дошт, ки бо мақсади коҳиш додани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус кишоварзӣ бо ибтикори мақомоти марбутаи пойтахт дар бозорҳои Баракат, Шоҳмансур, Қарияи Боло, Саховат ва Деҳқон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт 114 гӯшаи деҳқон фаъолият менамоянд, ки деҳқонон дар асоси шартнома маҳсулоташонро ба ин гӯшаҳо ба фурӯш мебароранд. Танҳо 20 август ба пойтахт аз дохили ҷумҳурӣ 1 ҳазору 171 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, 28, 5 тонна гӯшт 4 ҳазору 500 литр шир ворид гардидааст. С. Зайнуддинов афзуд, ки вақтҳои наздик нархи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваҷот дар бозорҳои шаҳр коҳиш меёбад. Инчунин, механизми нави паст кардани маҳсулоти кишоварзӣ таҳия мегардад.                 С. Зайнуддинов, яке аз сабабҳои боло рафтани нархи маҳсулотро дар қиммат шудани нархи сӯзишворӣ, бахусус нафт дар бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Алҳол, ба ҷумҳурӣ сӯзишвориро аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон асосан соҳибкорон ворид менамоянд. Бо мақсади паст кардани нархи сӯзишворӣ дар пойтахт 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кушода шудааст, ки дар онҳо нархи бензин дар қиёс ба дигар нуқтаҳои фурӯш арзонтар аст. Масалан, 1литр бензини навъи АИ -80 3 сомонию 5 дирам, АИ 92 3 сомонию 30 дирам ба роҳ монда шудааст.                Бо мақсади паст фаровардани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус кишоварзӣ дар моҳи шарифи Рамазон, 22 август дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи корӣ бо иштироки масъулини соҳа ва сохторҳои марбутаи пойтахт баргузор мегардад.

Август 21, 2009 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест