ТАЪРИХИ ПУРМОҶАРО ВА 90-УМИН СОЛГАРРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН

Август 17, 2009 16:42

                       Душанбе, 17 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Рӯзи19 август баробар ба 28 асади соли 1388-и ҳиҷрӣ -шамсӣ мардуми Афғонистон 90-умин солгарди истиқлолияти миллии худро таҷлил менамоянд.                       — Афғонистон 19 августи соли 1919 истиқлолияти миллии худро аз бузургтарин императории ҷаҳон- Британияи Кабир ба даст овард, гуфт зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ дар арафаи ин санаи таърихӣ.              Афғонистон бо вуҷуди кишвари аз лиҳози ҷуғрофиёӣ хурд дар замоне истиқлолияти миллӣ ба даст овард, ки теъдоди зиёди кишварҳои ҷаҳон соҳибистиқлол нагардида буданд ва дар зери зулми истилогарон ва аҷнабиёни хориҷӣ қарор доштанд. 19 август дар Афғонистон ба унвони Рӯзи миллӣ таҷлил гардида, дар ин рӯз аз қаҳрамонии қурбониёни истиқлолияти миллӣ ёд менамоянд. Рӯзи истиқлолияти миллӣ ҳамзамон дар намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад.                     Ҷаноби Сафир, бо вуҷуди оне, ки аз соҳибихтиёрии миллии Афғонистон 90-сол пур шуда аст, ин сарзамин ҳанӯз аз мушкилот раҳоӣ наёфтааст, сабаб чист?                       Баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ Афғонистон мавриди ду ҳуҷуми дигар қарор гирифт. Яке тавассути шӯравиҳо ва дигаре ҳуҷуми террористҳо ва «Ал-қоида» буд. Мардуми Афғонистон алайҳи душманони худ муттаҳидона мубориза карда, Афғонистонро аз чанголи коммунизм ва толибонизм наҷот доданд. Имрӯз Афғонистон дар қатори соири кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил ва озод арзи вуҷуд намуда, барои рушду тараққиёт, бозсозӣ ва эҳёи муҷаддади худ қадамҳои устувор мегузорад.                      Мавқеи ҷуғрофӣ боис шудааст, ки ин кишвар дар маркази таваҷҷӯҳи кишварҳои абарқудрат қарор дошта бошад. Агар таърихи Афғонистонро варақ гардонем, мебинем, ки ин кишвар муддати 35 сол бо Британияи Кабир дар ҷанг буд. Ҷангҳои машҳури Афғонистон бо номи ҷанги якуми афғону англис, ҷанги дуюми афғону англис ва ҷанги саввуми афғону англис далели гуфтаҳост. Дар ин ҷангҳо, ки тӯли 35 сол идома ёфт, Афғонистон талафоти бузург дод. Мардуми Афғонистон таърихи пурмоҷарое дорад. Ин кишвар ҳамеша мавриди тохтутози истилогарон будааст.                      Назари Шумо ба равобити иқтисодии ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Афғонистон чи гуна аст?                       Тоҷикистону Афғонистон ду давлати дӯсту ҳамсоя ва бародар аст. Мо равобити хубе дар сатҳи боло дорем. Ду кишваре, ки байни худ ягон проблемаи сиёсӣ надорад. Тоҷикистону Афғонистон бо ҳамдигар эътимоди комил доранд.                        Дар бахши равобити иқтисодӣ қадамҳои усуворе бардошта шудааст.Ифтитоҳи пули Панҷи Поён -Шерхонбандар намунаи барҷасати равобити иқтисодӣ буда, интиқолу молу маҳсулот тавассути он дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Зеро тавассути ин пул ҳазорҳо тон молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз Афғонистон ба Тоҷикистон инчунин, аз кишварҳои дигари минтақа, бахусус Покистон ба шакли транзит вориди Тоҷикистон мегардад, ки дар рушди иқтисодиёти кишварҳо мусоидат менамояд. Сохтмони пулу роҳҳо дар Хоруғу Ишкошим, фаъол гардидани тиҷорати наздисарҳадӣ ва ҳамкориҳои сарҳадӣ, шаҳодати тавсеаи робитаҳои иқтисодии ду кишвари ҳамсоя аст. Ду кишвар дар бахшҳои гуногун, интиқоли энержӣ, сохтмони роҳҳо, васли роҳи оҳан, ки усулан тавофуқ шудааст ҳамкориҳоро тавсеа мебахшанд. Мубодилаи мол байни ду давлат дар 6 моҳи соли 2009 наздики 40 миллион долларро ташкил дод. Чандин корхонаҳои муштарак дар бахши коркарди чарм, маснуоти оҳанию бетонӣ, сохтмон, ҳамлу нақл, қаннодӣ ва ғайра фаъолият менамояд. Инчунин, дар як ҳафта се парвоз тавассути ширкатҳои ҳавонавардии «Ориёно» ва «Комёр»-и Афғонистон бо хатсайри Душанбе-Кобул -Душанбе ба роҳ монда шудааст.                    Баргузории нахустин намоишгоҳи байналмилалии молу маҳсулоти Афғонистон дар «Кохи Борбад»- и Душанбе намунаи олии равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду давлати ҳамҷавор аст. Намоишгоҳ муддати се рӯз идома ёфта, беш аз 180 муассиса ва ширкатҳои саноатии Афғонистон дар 38 гӯша молҳои саноатӣ ва маҳсулоти миллии Афғонистонро муаррифӣ сохтанд. Намоишгоҳ алоқамандони зиёде низ дошт. 75 % маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда, фурӯхта шуд. Намоишгоҳ қадами устуворе гардид, дар тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду давлат баъди сафари Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба Душанбе. Мо умедворем, ки ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин намоишгоҳи молу маҳсулотро дар яке аз шаҳрҳои Афғонистон- Кобул, Мазори Шариф, Ҳирот ва ё Нангарҳор баргузор намояд, то тавонем қадамҳои асоситареро барои табодули тиҷорат ва иқтисод байни ду кишвари ҳамсоя бардорем. Инчунин, он ба муаррифии молҳои саноатӣ ва маҳсулоти миллии Тоҷикистон мусоидат менамояд.                    Баргузории нишасти чоргонаи Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Русия ва Покистонро дар Душанбе чӣ гуна арзёбӣ менамоед?                    Баҳси терроризм ва мубориза бо гардиши маводи мухаддар мушкилоте ҳаст, ки танҳо ба Афғонистон тааллуқ надорад. Ин зуҳуроти номатлуб мушкили минтақа ва ҷаҳонист. Кишварҳое, ки бо ҳам нуқтаи назари мутафовит ҳам дошта бошанд, дар қазияи терроризм нуқтаи назари воҳид, яъне ягона доранд. Сафари ахири Президенти Амрико ба Русия ва тавофуқҳои онҳо аз он ки тавонанд, дар саркӯб кардани терроризм ҳамкорӣ намоянд, мисоли рушани гуфтаҳост.                      Нишасти чорҷониба дар Душанбе ҳам дар соҳаи ҳамкорӣ дар мубориза бо маводи мухаддар, терроризм, ҳамкориҳои минтақавӣ ва тиҷортаӣ қадами муассир мебошад. Кишварҳое, ки дар як минтақа қарор доранд, роҳи ягонаи рушди онҳо ин ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ аст. Дар сурати тавсеаи ҳамкориҳо заминаи мусоиди рушди иқтисодиёти кишварҳо фароҳам меояд. Зеро Афғонистон роҳи васли ягонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Миёна аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар пайванди кишварҳои минтақа нақши муассир дорад. Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа имконият доранд, ки тавассути қаламрави Тоҷикистон бо Чин пайванданд. Зеро Тоҷикистон кӯтоҳтарин ва каммасрафтарин роҳ аст ҷиҳати васл намудани кишварҳои минтақа бо Чин. Яке аз самтҳои дигари тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, сохтмони хати роҳи оҳан аст. Ин хат аз ҷониби Эрон то дохили Афғонистон дар масофаи 60 километр сохта шудааст. Хати роҳи оҳан, ки аз ду қисмат -Мазори Шариф- Ҳирот-Эрон ва Панҷи Поён -Кобул -Покистон иборат аст, иншоолоҳ дар ояндаи наздик сохта шуда, дар рушди иқтисодиёти кишварҳои минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.                    Ҷаноби Сафир, то ҷое мусаллам аст, Афғонистон дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ -интихоботи Раиси ҷумҳур қарор дорад ва омодагиҳо ба ин чорабинии сиёсӣ дар кадом сатҳ аст?                   20 август дар таърихи Афғонистон рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ин рӯз дар асоси райъи мардум Президенти мамлакат интихоб мешавад. Феълан дар кишвар маъракаҳои пешазинтихоботӣ босуръат идома дорад. Номзадҳо ба мансаби Президенти кишвар бо интихобкунандагони худ дар минтақаҳо вохӯрию мулоқот доштанд. Баҳси телевизонии номзадҳо низ доир шуд. Беш аз 40 номзад ба мансаби президентӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи Раиси ҷумҳур дар минтақаҳои гуногуни кишвар 7 ҳазор сандуқи райъдиҳӣ ва сойтҳои райъгирӣ гузошта шудааст, ки дар онҳо 17 миллион райъдиҳандагон ба ҷонибдории номзади худ овоз медиҳанд. Дар ҳавзаю қитъаҳои райъдиҳӣ барои таъмини тартиботу амният нерӯҳои амниятии кишвар муваззаф гардидаанд. Садҳо нафар намояндагони кишварҳои Аврупоӣ, ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ва ниҳодҳои гуногуни Афғонистон ба ҳайси нозир ҷараёни баргузории интихоботро мушоҳида менамоянд. Намояндагони номзадҳо низ ҷараёни интихоботро назора менамоянд. Интихобот ба таври озодона ва шаффофу демократӣ баргузор мешавад. Дар давраи интихоботӣ дар кишвар Комиссияи мустақили интихобот, Комиссияи шикоёти интихоботӣ фаъол аст. Мабодо агар дар интихобот тақаллубкорӣ ба миён ояд, Комиссияҳо ҷарима мебанданд. То ба ҳадде метавонанд номзади ба тақаллубкорӣ роҳ додаро аз рӯйхати номзадҳо барканор намоянд. Дар Афғонистон шароит фароҳам аст, то мардум ба ба қитъаю ҳавзаҳои интихоботӣ рафта, Раиси ҷумҳури худро интихоб намоянд.                    Нақши Васоити ахбори омма чӣ гуна аст дар тарғиби номзадҳо ва инъикоси ин чорабинии муҳими сиёсӣ?                    Мо имрӯз дар Афғонистон озодии комили матбуот дорем. Беш аз 400 нашрия, 40 стансияи родиёи, зиёда аз 15 телевизион фаъол аст. Мардум имкон доранд озодона тавассути васоити ахбори омма сухан ва баромад намоянд, фикру пешниҳоди худро иброз доранд ва ба номзади худ райъ диҳанд, тарафдорӣ кунанд ва барои номзади худ райъ ҷамъ кунанд.                     Кадоме аз номзадҳо шанси бештари ба сари қудрат омаданро дорад? Инро миллати Афғонистон бояд ташхис кунад. Мо дар ин масъала чизе гуфта наметавонем. Ҳар қадар бештар мардуми Афғонистон ба номзади арзандаи худ райъ диҳад, ҳамон номзад Раиси ҷумҳур интихоб мешавад.                    Ҷаноби Сафир барои сӯҳбат ба Шумо арзи сипос баён менамоем.

Август 17, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад