ТАШАББУСИ «КАЙНАК» ДАР СОЛИ НАВИ ХОНИШ
Душанбе, 27 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи соли нави хониши 2009-2010 шӯъбаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кайнак», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 95-и пойтахт бо ташшаббус баромад карда, арзиши маҳсулоти ба фурӯшгузоштаашро арзон кард. «Ин иқдом мегӯяд муовини директори шӯъбаи ҶДММ «Кайнак» Яҳё Тамгуч бо мақсади дар шароити бӯҳрони молиявӣ ба толибилмону донишҷӯён ва дигар кормандони идораю корхонаҳои Тоҷикистон дастрас кардани воситаҳои таҳрирӣ бо нархи нисбатан арзон мебошад. Арзиши маҳсулоти воситаҳои таҳрирӣ то 20-25 % арзон карда шудааст. Маҳсулоти ба фурӯшгузошташуда истеҳсоли ширкатҳои асбобҳои таҳририи Олмон, Туркия, Чин, Малайзия, Австрия ва дигар кишварҳои пешрафта буда, аз лиҳози сифат рақобатпазир ва афзалият дорад. Мо дар оянда ният дорем, ки барои бачаҳои то синни мактабӣ дар доираи ҳамкорӣ бо нашриётҳои Тоҷикистон фурӯши китобҳои бачагонаро, хусусан китобҳои афсонавиро ба забони тоҷикӣ ба роҳ монем, афзуд Я.Тамгуч. Бояд зикр кард, ки шӯъбаи ҶДММ «Кайнак» яке аз шабакаҳои ин ҷамъият дар Тоҷикистон буда, аз соли 2003 инҷониб дар Душанбе фаъолият дорад. Ҷамъияти «Кайнак», ки маънояш сарчашма аст, соли 1999 дар Туркия созмон дода шудааст. Шабакаи «Кайнак» дар сатҳи байналмилал васеъ буда, дар 15 кишвари дунё, ба мисли кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Гурҷистон, Руминия, Албания, Ҷумҳурии Мисри Араб ва ғайра намояндагии худро ифтитоҳ кардааст.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






