ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2020 АЗ МИНАҲО ТОЗА ХОҲАД ШУД
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сарвари Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо Ҷонмаҳмад Раҷабов, то соли 2009 баҳри безарарсозии заминҳои минакоришудаи ҳудуди кишвар корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Боис ба ёдоварист, ки аз соли 2004 то моҳи августи соли ҷорӣ зиёда аз 900 нуқтаи аҳолинишин дар ҷумҳури мавриди санҷиши умумӣ қарор гирифта, беш аз 500 қитъаи хатарнок ошкор карда шуд ва 2 млн. 700 метри мураббаъ майдон дар минтақаи ҷанубӣ — шарқии кишвар аз минаҳо тоза карда шуд. Бо вуҷуди он, масъалаи пурра тоза кардани минтақахои минакоришуда роҳи ҳалли худро наёфтааст. То ҳанӯз тақрибан 15 млн. метри мураббаи қаламрави кишвар таҳти хатари мина боқӣ мондааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ барои то 1 — уми январи соли 2020 идома додани мӯҳлати амалиёти поксозии минаҳо дархости даҳсола омода карда шудааст ва он ба конфронси дуюм, ки охири сол дар Колумбия баргузор мегардад, барои дастгирӣ пешниҳод карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






