ТО СОЛИ 2020 189 НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). Дар муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009 — 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2- юми феврали соли 2009 таҳти рақами 73 тасдиқ гардидааст, дар кишвар 189 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта мешавад, ки иқтидори умумии он 113,2 МВт буда, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳҳо ба 641 млн. кВт соат мерасад. Бино ба иттилои ҷонишини директории маркази мазкур Салоҳиддин Мирзоев, ҳоло аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ дар чанд ноҳияҳои вилояти Хатлон нерӯгоҳҳои бодӣ низ сохта мешаванд. Қисме аз ин нерӯгоҳҳо аллакай дар ноҳияҳои Балҷувон, Фархор, Шӯрообод сохта шудаанд, ки ҳар кадоми он дорои иқтидори 20 кВт соат мебошанд.Ин навъи нерӯгоҳҳо асосан барои се фасл: тирамоҳ, зимистон ва ду моҳи аввали баҳор пешбинӣ шудаанд. Аз чунин нерӯгоҳҳо метавон дар ноҳияҳои Файзобод, мавзеи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва Мурғоби ВМКБ, ки шамоли доимӣ доранд, ба таври васеъ истифода кард. Алҳол омӯзиши мавқеъҳои ҷуғрофии Тоҷикистон баҳри истифодаи нерӯгоҳҳои бодӣ аз ҷониби мутахассисон ба нақша гирифта шудааст. Бо амалӣ шудани ин барнома боз ҳазорон оилаҳо бо нерӯи арзони барқи бодӣ таъмин хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






