ТО СОЛИ 2020 189 НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ

Август 4, 2009 11:51

               Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). Дар муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009 — 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2- юми феврали соли 2009 таҳти рақами 73 тасдиқ гардидааст, дар кишвар 189 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта мешавад, ки иқтидори умумии он 113,2 МВт буда, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳҳо ба 641 млн. кВт соат мерасад.                Бино ба иттилои ҷонишини директории маркази мазкур Салоҳиддин Мирзоев, ҳоло аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ дар чанд ноҳияҳои вилояти Хатлон нерӯгоҳҳои бодӣ низ сохта мешаванд. Қисме аз ин нерӯгоҳҳо аллакай дар ноҳияҳои Балҷувон, Фархор, Шӯрообод сохта шудаанд, ки ҳар кадоми он дорои иқтидори 20 кВт соат мебошанд.Ин навъи нерӯгоҳҳо асосан барои се фасл: тирамоҳ, зимистон ва ду моҳи аввали баҳор пешбинӣ шудаанд.                Аз чунин нерӯгоҳҳо метавон дар ноҳияҳои Файзобод, мавзеи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва Мурғоби ВМКБ, ки шамоли доимӣ доранд, ба таври васеъ истифода кард.              Алҳол омӯзиши мавқеъҳои ҷуғрофии Тоҷикистон баҳри истифодаи нерӯгоҳҳои бодӣ аз ҷониби мутахассисон ба нақша гирифта шудааст.               Бо амалӣ шудани ин барнома боз ҳазорон оилаҳо бо нерӯи арзони барқи бодӣ таъмин хоҳанд шуд.  

Август 4, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид