ТУХМИПАРВАРӢ ДАР МӮЪМИНОБОД

Август 10, 2009 12:29

                   Мӯъминобод, 10 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати кишоварзӣ аз ташкил намудани асотсиатсияиҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳои кишвар ба даст овардани тухмии хушсифати маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ба ин васила беҳтар намудани вазъи зиндагии кишоварзон мебошад. Дар ин замина Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бунёди хазинаи Оғохон таҳти Барномаи Ҷонибдории Инкишофи иҷтимоии манотиқи Кӯҳистон дар ноҳияҳои Шӯрообод, Мӯъминобод ва Ховалинги вилояти Хатлон як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Вазорати кишоварзӣ ва фонди бунёди Оғохон пеш аз гузаштан ба кори амалӣ дар байни деҳқонони ноҳияҳои кӯҳистон омӯзиш гузарониданд, ки самараи хуб ба бор овард. Дар ноҳияҳои нобаршуда кишоварзон қоидаҳои агротехникиро сари вақт ба иҷро расонида ҳосили фаровон ба даст оварданд. Хусусан дар ноҳияи Мӯъминобод ду асотсиатсияи деҳқонон ба тухмипарварӣ машғул гардида, дар қитъаҳои таҷрибавӣ навъҳои гуногуни гандум, лубиёгӣ ва картошкаро парвариш намуданд.                 Дар натиҷаи омӯзиш ва таҷрибаҳои пай дар пай маълум гардид, ки на ҳамаи тухмиҳо ба шароити иқлими ноҳияҳои кӯҳистони ҷануби вилояти Хатлон мутобиқанд. Ба касалиҳои гуногун дучор шудани навъи картошкаи «кардинал» ва тухмиҳои гандуму лубиёгӣ дар кори деҳқонон мушкилӣ пеш овард. Аз ин рӯ, мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки навъҳои тухмии тавсияшавандаро истифода бурдан муфид аст.Бояд қайд намуд, ки дар ташкил ва маблағгузории асостсиатсияҳои «Хӯшаи заррин» ва «Био-тех» дар баробари ҳокимияти маҳаллӣ Фонди бунёди Оғохон ва ташкилоти ғайридавлатии Каритас-и Швейсария нақши калон доранд.                 Ҳамакнун аъзоёни асотсиатсияҳо мақсад доранд қитъаҳои тухмипарвариро васеъ намуда, дар истеҳсол таъмини кишоварзони мамлакат бо тухмии хушсифати гандуму лубиёгӣ ва картошка саҳми арзандаи худро гузоранд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф дар ноҳияҳои Шӯроободу Мӯъминобод ва Ховалинги вилояти Хатлон ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст.  

Август 10, 2009 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд