ТУННЕЛИ ШАРШАР БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Август 26, 2009 10:33

                      Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Комиссияи давлатӣ 25 август ба сифати кори туннелсозон баҳои мусбат дод. Дар он гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини аввали вазири нақлиёт ва алоқаи мамлакат Ҷумъахон Зуҳуров ширкат варзид.Ҷ.Зуҳуров ба мутахассисони Корпоратсияи роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин, коргарону мутахассисони маҳаллӣ ва ҳамаи сохтмончиён миннатдорӣ изҳор намуд.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сохтмони туннел соли 2006 шурӯъ гардида буд. Туннели мазкур як қисми роҳи мошингарди «Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Мурғоб — Қулма» мебошад. Барои тармиму таҷдиди роҳи мазкур тибқи созишномаи Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин 118 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда буд. Барои сохтмони туннели Шаршар бештар аз 12 миллион сомонӣ сарф карда мешавад.                        Тавассути туннели Шаршар ҳаракати нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин карда хоҳад шуд.

Август 26, 2009 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд