ВЕЛОСИПЕДРОНОНИ АВРУПОӢ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

Август 13, 2009 11:40

                  Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Велосипедронон Рикард Салевик ва Жан Фредерик Гавин, ки бо нияти расондани кӯмак ба Тоҷикистон ба пойгаи 16 ҳазоркилометра баромада буданд, 10 август ба Душанбе омаданд. Онҳо ният доранд, ки бо велосипед аз шаҳри Осло то Пекин раванд.                  Иштирокчиёни пойга 12 август ба ҷамоати Гулистони ноҳияи Ваҳдат рафтанд. Онҳо дар ин ҷо бо ҷараёни иҷрои барномаи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва қаннодӣ барои духтарони оилаҳои камбизоат шинос шуданд. Рикард ва Жан ба воситаи Фонди «Евразия — Осиёи Марказӣ» барои кушодани курсҳои мазкур қариб 10 ҳазор доллари ИМА ҷудо карданд. Мудири иҷроияи созмони ҷамъиятии «Зан ва тараққиёт» Наргис Саидова зикр намуд, ки дар курсҳои мазкур 30 нафар духтар ҳунар меомӯзад. Духтарони нисбатан боистеъдоду ҳунарманд баъди хатми курсҳо барои такмили маҳорат ба шаҳри Бухоро фиристода мешаванд, гуфт вай.                   Велосипедронон сафари худро давом дода, 14 август ба ҷамоати Сухчарви ВМКБ мераванд. Маблағи ҷамъовардаи онҳо дар ин ҷо барои рушди соҳаи занбӯрпарварӣ сарф карда мешавад. Иштирокчиёни пойга сафари худро давом дода, баъди Тоҷикистон ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Чин хоҳанд рафт. Онҳо дар давоми сафар барои иҷрои барномаҳои зикршуда бештар аз 17 ҳазор доллари ИМА ҷамъ оварданд.  

Август 13, 2009 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд