ВЕЛОСИПЕДРОНОНИ АВРУПОӢ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Велосипедронон Рикард Салевик ва Жан Фредерик Гавин, ки бо нияти расондани кӯмак ба Тоҷикистон ба пойгаи 16 ҳазоркилометра баромада буданд, 10 август ба Душанбе омаданд. Онҳо ният доранд, ки бо велосипед аз шаҳри Осло то Пекин раванд. Иштирокчиёни пойга 12 август ба ҷамоати Гулистони ноҳияи Ваҳдат рафтанд. Онҳо дар ин ҷо бо ҷараёни иҷрои барномаи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва қаннодӣ барои духтарони оилаҳои камбизоат шинос шуданд. Рикард ва Жан ба воситаи Фонди «Евразия — Осиёи Марказӣ» барои кушодани курсҳои мазкур қариб 10 ҳазор доллари ИМА ҷудо карданд. Мудири иҷроияи созмони ҷамъиятии «Зан ва тараққиёт» Наргис Саидова зикр намуд, ки дар курсҳои мазкур 30 нафар духтар ҳунар меомӯзад. Духтарони нисбатан боистеъдоду ҳунарманд баъди хатми курсҳо барои такмили маҳорат ба шаҳри Бухоро фиристода мешаванд, гуфт вай. Велосипедронон сафари худро давом дода, 14 август ба ҷамоати Сухчарви ВМКБ мераванд. Маблағи ҷамъовардаи онҳо дар ин ҷо барои рушди соҳаи занбӯрпарварӣ сарф карда мешавад. Иштирокчиёни пойга сафари худро давом дода, баъди Тоҷикистон ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Чин хоҳанд рафт. Онҳо дар давоми сафар барои иҷрои барномаҳои зикршуда бештар аз 17 ҳазор доллари ИМА ҷамъ оварданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






