ВОХӮРӢ БО МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ҶҚ

Август 11, 2009 13:42

                   Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). -Тӯли як ҳафта гурўҳи кории кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони вазорату корхонаҳои давлативу ғайридавлати, инчунин намояндагони созмону ташкилотҳои байнлмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон як қатор вохӯриҳо гузарониданд.                    Дар доираи ин сафар ҳайати корӣ бо муҳоҷирони тоҷик, политсияи муҳоҷиратии ВКД, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати меҳнат ва иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.                   Ҳайати гурӯҳи корӣ дар ин сафари худ бо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони муқимие ки тӯли чанд сол дар Ҷумҳурии Қазоқистон зиндагӣ доранд, вохурӣ намуда аз мушкилоти онҳо пурсон гардида кайд намуданд, ки кӯшиш мекунанд ҳарчи зудтар мушкилиҳои мавҷударо дар доираи ҳамкориҳои тарафайн ҳал намоянд.                   Дар мизи мудавваре, ки дар шаҳри Остона доир гардид масъалаҳои муҳиме, ки муҳоҷирони тоҷикро ба ташвиш овардааст, мавриди баҳсу мунозира қарор гирифт. Аз ҷумла, мушкилоти гирифтани иҷозат барои кор, гузоштан ба қайди доимӣ, тамдиди мӯҳлати буду бош ба мўҳлати 90 рўз ва расмикунонии фаъолияти меҳнатии онҳо дар ин минтақа. Таклифу пешниҳодоте, ки аз ҷониби ҳайати гурўҳи корӣ дар ин мизи мудаввар иброз гашт, ҷониби гурўҳи кории Ҷумҳурии Қазоқистон дастгирӣ намуда, арз доштанд ки ҳамкориҳо бояд густариш дода шаванд.                     Хайъати гурӯҳи кории Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо роҳбарияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати мушкилоти гирифтани иҷозати кор барои муҳоҷирони тоҷик изҳори нигаронӣ намуданд. Инчунин қайд гардид ки ҳарчанд қонуну қарорҳои мавҷуда ва ҳуҷҷатҳои зарурие ки аз ҷониби тарафайн ба имзо расидааст, ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатиро ҳифз кунад ҳам, ин мушкили то ҳануз ҷой дорад.                   Ҳар як вохӯрие, ки дар ин сафар, гуруҳи корӣ бо роҳбарону кормандони политсияи муҳоҷиратии ВКД, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати меҳнат ва иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Қазоқистон доир намуданд, баҳри беҳтар намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон равона гардида буд, қайд намуданд аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ.  

Август 11, 2009 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд