ВОХӮРӢ БО МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ҶҚ
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). -Тӯли як ҳафта гурўҳи кории кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони вазорату корхонаҳои давлативу ғайридавлати, инчунин намояндагони созмону ташкилотҳои байнлмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон як қатор вохӯриҳо гузарониданд. Дар доираи ин сафар ҳайати корӣ бо муҳоҷирони тоҷик, политсияи муҳоҷиратии ВКД, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати меҳнат ва иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Ҳайати гурӯҳи корӣ дар ин сафари худ бо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони муқимие ки тӯли чанд сол дар Ҷумҳурии Қазоқистон зиндагӣ доранд, вохурӣ намуда аз мушкилоти онҳо пурсон гардида кайд намуданд, ки кӯшиш мекунанд ҳарчи зудтар мушкилиҳои мавҷударо дар доираи ҳамкориҳои тарафайн ҳал намоянд. Дар мизи мудавваре, ки дар шаҳри Остона доир гардид масъалаҳои муҳиме, ки муҳоҷирони тоҷикро ба ташвиш овардааст, мавриди баҳсу мунозира қарор гирифт. Аз ҷумла, мушкилоти гирифтани иҷозат барои кор, гузоштан ба қайди доимӣ, тамдиди мӯҳлати буду бош ба мўҳлати 90 рўз ва расмикунонии фаъолияти меҳнатии онҳо дар ин минтақа. Таклифу пешниҳодоте, ки аз ҷониби ҳайати гурўҳи корӣ дар ин мизи мудаввар иброз гашт, ҷониби гурўҳи кории Ҷумҳурии Қазоқистон дастгирӣ намуда, арз доштанд ки ҳамкориҳо бояд густариш дода шаванд. Хайъати гурӯҳи кории Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо роҳбарияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати мушкилоти гирифтани иҷозати кор барои муҳоҷирони тоҷик изҳори нигаронӣ намуданд. Инчунин қайд гардид ки ҳарчанд қонуну қарорҳои мавҷуда ва ҳуҷҷатҳои зарурие ки аз ҷониби тарафайн ба имзо расидааст, ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатиро ҳифз кунад ҳам, ин мушкили то ҳануз ҷой дорад. Ҳар як вохӯрие, ки дар ин сафар, гуруҳи корӣ бо роҳбарону кормандони политсияи муҳоҷиратии ВКД, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати меҳнат ва иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Қазоқистон доир намуданд, баҳри беҳтар намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон равона гардида буд, қайд намуданд аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






