ЯРМАРКАҲОИ МУВАҚҚАТИИ ЛАВОЗИМОТИ МАКТАБӢ

Август 25, 2009 17:17

                       Душанбе, 25 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар чор ноҳияи пойтахт 21 адад хаймаҳои муваққатии фурӯши лавозимоти мактабӣ созмон дода шуд, ки онҳо то 8-уми сентябр фаъолият менамоянд.                         Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ниёзбек Қаландаров ин иқдом дар асоси қарори ба тасвибрасонидаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар арафаи соли нави хониш андешида шудааст. Фаъолияти чунин ярмаркаҳои муваққатӣ имкон медиҳанд, ки мактаббачагони пойтахт бо асбобу анҷоми хониш таъмин гарданд. Ташкили ярмаркаҳои мактабӣ дар ноҳияҳои пойтахт дар асоси лоиҳаи ангорӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва соҳибмулкони бозорҳои хусусӣ мувофиқа шудааст.  

Август 25, 2009 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд