ЗАДУХӮРДИ МАРДИКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЛМИҚИСТОН ДАР МАСКАВ

Август 3, 2009 10:20

                     Маскав, 3 август. (АМИТ «Ховар» — Регнум.ру). — Рӯзи якшанбе дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Маскав задухӯрди мардикорони тоҷик ва қалмиқ рух дод. Дар он қариб 20 нафар иштирок дошт.                     Задухӯрд дар наздикии бинои № 40 — и кӯчаи Профсоюзная сар шуд. Муноқишакунандагон чанд лаҳза пеш аз омадани кормандони милиса пароканда шуданд. Ба милиса муяссар нашуд, ки иштирокчиёни задухӯрдро дастгир намояд.                     Дар натиҷаи задухӯрд як мардикори тоҷик маҷрӯҳ шуд Ӯро фавран ба шифохона бурданд. Ба қавли кормандони милиса алҳол сабаби задухӯрд маълум нест.                    Чунин задухӯрду муноқишаҳо байни мардикорони хориҷӣ дар Маскав зуд — зуд рӯй медиҳанд. Тақрибан як моҳ пеш дар округи ҷанубу шарқии Маскав мардикорони Ӯзбекистон бо сокинони маҳаллӣ муноқиша карданд. Он вақт се нафар маҷрӯҳ гашта буд.                     Охири соли гузашта дар ҳудуди шифохонаи клиникии бемориҳои руҳии ба номи Ганнушкин ҷанҷоли калон рух дод. Ҳамон вақт бинокорони хориҷие, ки дар сохтмон кор мекарданд, бо кормандони шифохона аввал муноқиша карда, баъд дастбагиребон шуданд.                     Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳонаи моҳи сентябр дар наздикии ноҳияи Солнечногорск рухдода, ду нафар кушта ва ҳафт нафар маҷрӯҳ шуд. Дар ин ҷо мардикорони ӯзбек бо сокинони деҳаи Лунево муноқиша карда буданд.                                                                                                       Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 3, 2009 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд