ЗАДУХӮРДИ МАРДИКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЛМИҚИСТОН ДАР МАСКАВ
Маскав, 3 август. (АМИТ «Ховар» — Регнум.ру). — Рӯзи якшанбе дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Маскав задухӯрди мардикорони тоҷик ва қалмиқ рух дод. Дар он қариб 20 нафар иштирок дошт. Задухӯрд дар наздикии бинои № 40 — и кӯчаи Профсоюзная сар шуд. Муноқишакунандагон чанд лаҳза пеш аз омадани кормандони милиса пароканда шуданд. Ба милиса муяссар нашуд, ки иштирокчиёни задухӯрдро дастгир намояд. Дар натиҷаи задухӯрд як мардикори тоҷик маҷрӯҳ шуд Ӯро фавран ба шифохона бурданд. Ба қавли кормандони милиса алҳол сабаби задухӯрд маълум нест. Чунин задухӯрду муноқишаҳо байни мардикорони хориҷӣ дар Маскав зуд — зуд рӯй медиҳанд. Тақрибан як моҳ пеш дар округи ҷанубу шарқии Маскав мардикорони Ӯзбекистон бо сокинони маҳаллӣ муноқиша карданд. Он вақт се нафар маҷрӯҳ гашта буд. Охири соли гузашта дар ҳудуди шифохонаи клиникии бемориҳои руҳии ба номи Ганнушкин ҷанҷоли калон рух дод. Ҳамон вақт бинокорони хориҷие, ки дар сохтмон кор мекарданд, бо кормандони шифохона аввал муноқиша карда, баъд дастбагиребон шуданд. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳонаи моҳи сентябр дар наздикии ноҳияи Солнечногорск рухдода, ду нафар кушта ва ҳафт нафар маҷрӯҳ шуд. Дар ин ҷо мардикорони ӯзбек бо сокинони деҳаи Лунево муноқиша карда буданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






