ЖУРНАЛИСТОНИ АМРИКОӢ АВФ КАРДА ШУДАНД

Август 5, 2009 16:10

                    Пхенян, 5 август. (АМИТ «Ховар», — Лента. Ру.). — Тибқи хабарҳои аз Ҷумҳурии Халқии Демократии Куриё расида, президенти ин мамлакат Ким Чен Ир дирӯз, 4 август баъди мулоқоташ бо президенти собиқи ИМА Билл Клинтон гуноҳи журналистони амрикоӣ Лора Лин ва Юна Лиро авф кард. Ҳар ду журналист имрӯз ҳамроҳи Б.Клинтон ба ватан баргаштанд. Тавре хабар дода шуда буд, журналистони амрикоӣ дар ширкати телевизионии «Каррент ТВ» кор мекарданд ва моҳи марти ҳамин сол дар наздикии сарҳади Куриёи Шимолӣ ва Чин дастгир карда шуданд. Мақомоти Куриёи Шимолӣ онҳоро ба содир намудани ҷиноят ба муқобили давлат гунаҳкор намуда, ба мӯҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум намуд.                    Маъмурияти Амрико ва созмонҳои байналхалдқии ҳифзи ҳуқуқ Куриёи Шимолиро даъват карданд, ки журналистонро озод кунад, аммо ин даъват ба инобат гирифта нашуд. Журналистон танҳо баъди ба Пхенян омадани Б.Клинтон ва аз номи президенти ИМА Барак Обама узр пурсидани ӯ аз ҳабс озод карда шуданд.

Август 5, 2009 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд