ҒАЛЛА ФАРОВОН МЕШАВАД

Сентябрь 2, 2009 15:44

               Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мӯҳлати ҷамъоварии ғалла дар мамлакат то 10 сентяр дароз карда шуд. Сабаби дароз кардани мӯҳлати ҷамъоварии ҳосил нарасидани техникаи ҳосилғундор мебошад. Имрӯз дар хоҷагиҳои мамлакат бештар аз 300 комбайн ва ҳатто комбайнҳои шахсии деҳқонон истифода бурда мешаванд. Аъзои хоҷагиҳо ҳосили қитъаҳои алоҳидаро дастӣ дарав мекунанд.                 Мудири шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғаллаи вазорати кишоварзӣ Муҳаммади Ормонов зикр кард, ки мувофиқи пешгӯии мутахассисон имсол дар мамлакат бояд ғаллаи фаровон ҷамъ оварда шавад. Пешгӯӣ карда мешавад, ки ҳосили ғаллаи имсола як миллиону 153 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Ба ин ҳосили ҷуворимаккаи барои дон коридашуда, шолӣ ва кишти такрории ғалла дохил намешавад.

Сентябрь 2, 2009 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд