ҚАДРДОНИИ ХИЗМАТҲОИ ОЛИМ

Сентябрь 4, 2009 11:26

                 Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Бо пешниҳоди Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника ва бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ олими маъруф Ӯлмас Мирсаидов сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника гардид.                Ҷоизаи мазкур ба олим барои тадқиқоти бисёрсолааш дар соҳаи истифодаи махлутҳои гидриди бор ва алюминий супорида шуд.   Ӯ.Мирсаидов мавзӯи мазкурро аз соли 1973 зимни фаъолияташ дар Пажӯҳишгоҳи химия баъди анҷоми шӯъбаи аспирантура оғоз карда буд. Тадқиқоти олим соли 1995 анҷом ёфт.                Дар ин мавзӯъ чандин асарҳо ва мақолаҳои илмии Ӯ.Мирсаидов дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.                Ӯ.Мирсаидов 15 сол ба Пажӯҳишгоҳи химия роҳбарӣ карда, 10 сол раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон буд, Ӯ айни ҳол ба Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад.                 Ӯлмас Мирсаидов аз қадрдонии заҳматҳои бисёрсолааш изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки тадқиқоти ин мавзӯъро дар оянда низ давом хоҳад дод. Зеро махлути гидридҳои фулузоти гуногун оянда барои пешрафти саноати Тоҷикистон аҳамияти калон хоҳад дошт.

Сентябрь 4, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд