ҚАДРДОНИИ ХИЗМАТҲОИ ОЛИМ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Бо пешниҳоди Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника ва бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ олими маъруф Ӯлмас Мирсаидов сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника гардид. Ҷоизаи мазкур ба олим барои тадқиқоти бисёрсолааш дар соҳаи истифодаи махлутҳои гидриди бор ва алюминий супорида шуд. Ӯ.Мирсаидов мавзӯи мазкурро аз соли 1973 зимни фаъолияташ дар Пажӯҳишгоҳи химия баъди анҷоми шӯъбаи аспирантура оғоз карда буд. Тадқиқоти олим соли 1995 анҷом ёфт. Дар ин мавзӯъ чандин асарҳо ва мақолаҳои илмии Ӯ.Мирсаидов дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Ӯ.Мирсаидов 15 сол ба Пажӯҳишгоҳи химия роҳбарӣ карда, 10 сол раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон буд, Ӯ айни ҳол ба Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад. Ӯлмас Мирсаидов аз қадрдонии заҳматҳои бисёрсолааш изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки тадқиқоти ин мавзӯъро дар оянда низ давом хоҳад дод. Зеро махлути гидридҳои фулузоти гуногун оянда барои пешрафти саноати Тоҷикистон аҳамияти калон хоҳад дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






