Қ. РАСУЛЗОДА МОҲОНААШРО БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ ФУРӮЗОНАК МЕХАРАД

Сентябрь 16, 2009 09:54

                 Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 15 сентябр таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои ҳаштмоҳаи соли 2009, омодагиҳо ба фасли тирамоҳу зимистон, рафти иҷрои амру супоришҳои Сарвари давлат ва ҷамъоварии андоз, машварати корӣ баргузор гашт.                  Нахуст муовини аввали раиси вилоят Шакарбек Самадов оид ба тайёрии муассисаҳои тиббӣ ва маориф ба фасли зимистон ҳисобот дод. Зикр гардид, ки мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи раиси вилоят аз 29 июл то 22 августи соли равон дар тамоми 18-шаҳру ноҳияҳои вилоят ситодҳои сайёри вилоятӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор гардида, якчанд камбудиҳо ошкор шуданд. Таъкид карда шуд, ки ҳолати ҷамъоварии маблағҳо аз истифодабарии нерӯи барқ ва гази табиӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, пардохти ҳаққи истифодабарии онҳо дар ҳолати аввали моҳи сентябр пардохти аҳолӣ барои истифодаи қувваи барқ аз аҳолӣ 67,4 фоиз ва барои истифодаи гази табиӣ аз аҳолӣ 95 фоизро ташкил медиҳад.                 Муовинони раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Спитамен, Ғончӣ барои рафтори бемасъулиятонаашон нисбат ба иҷрои фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва қарори дахлдори раиси вилоят доир ба ин масъала танбеҳ гирифтанд.                  Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ҷаласаи мазкур раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки моҳонаи навбатиашро, ки 1800 сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун фитри рӯза барои харидани лампаҳои каммасраф сарф хоҳад намуд. 

Сентябрь 16, 2009 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд