ҲАЙАТИ ВКД ТОҶИКИСТОН БА МИНСК РАФТ
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ«Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – 29 сентябр ҳайати намояндагони вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазир, генерал – майори милиса Рамазон Раҳимов ба пойтахти Ҷумҳурии Белорусия — шаҳри Минск рафт. Ҳадафи сафари онҳо шиносоӣ бо таҷрибаи кормандони ВКД Белорусия дар бобати ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва ташкили истиқоматгоҳҳои муваққатӣ барои гурезаҳо мебошад. Намояндагони ВКД Тоҷикистон зимни сафар бо фаъолияти Маркази байналхалқии таълимии тайёр кардани кадрҳо барои соҳаи муҳоҷират ва пешгирии хариду фурӯши одамон, бунгоҳи нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон ва лабораторияи намояндагии Созмони байналхалқии муҳоҷират дар шаҳри Минск шинос хоҳанд шуд. Ташкилкунандаи сафари ҳайати ВКД Тоҷикистон ба Белорусия Раёсати комиссари олии СММ дар масъалаи гурезаҳо мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






