Ҳ.КАРЗАЙ МУХОЛИФОНАШРО БА МУСОЛИҲА ДАЪВАТ МЕКУНАД

Сентябрь 22, 2009 10:28

                   Кобул, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар» — афғон.ру). – Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай дар ҷамъомади бахшида ба иди Рамазон дар Қасри президент – «Арки Кобул» ҳамаи дастаҳои мухолифини мусаллаҳ, аз ҷумла, ҷунбиши «Толибон» — ро даъват намуд, ки тарки аслиҳа намуда, ба хонаҳояшон баргарданд ва зиндагии осоиштаро пеш гиранд. Ҳ.Карзай зикр намуд, ки дар мавриди тасдиқи пирӯзиаш дар интихоботи президент ба гуфтушунид бо «Толибон» шурӯъ хоҳад кард.                    Воситаҳои ахбори оммавии Афғонистон як рӯз пеш аз иди Рамазон номаи роҳбари маънавии ҷунбиши «Толибон» Мулломуҳаммад Умарро чоп карда буданд. Роҳбари «Толибон» даъват мекунад, ки тамоми қисмҳои ҳарбии хориҷӣ аз Афғонистон бароварда шаванд ва онҳое фаромӯш карда нашаванд, ки дар натиҷаи бомбаборонҳои тахминии амрикоиён ҳалок гардидаанд.                    Бояд гуфт, ки изҳороти роҳбари «Толибон» ба вазъияти содир гардидани амалиёти террористӣ ягон таъсир нарасонд. Хабар дода мешавад, ки як рӯз пеш аз иди Рамазон дар вилояти Кандаҳор бар асари таркиши мина ду хизматчии ҳарбӣ ва се сокини маҳалӣ ҳалок гардиданд.                   Қайд кардан лозим аст, ки «Толибон» қабл аз ин ҳам даъватҳои ҳукумати Афғонистонро дар бораи мусолиҳа рад карда буданд. «Толибон» талабҳое пеш гузоштанд, ки онҳоро на ҳукумати Кобул ва на иттифоқчиёни хориҷии он қабул карда наметавонистанд.

Сентябрь 22, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд