ҶАЛАСАИ НАВБАТӢ ДАР РАШТ

Сентябрь 24, 2009 15:04

                  Рашт, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).-Рӯзи 24-уми сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии «Маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ» дар мавзӯи «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парламент дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Ин ҷаласа дар якҷоягӣ бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон амалӣ шуд. Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ аз ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва Роғун иштирок намуданд.                  Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Толибов кушод.                  Баъдан Мушовири калони Презинденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Кошонов С. К., намояндаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон андешаҳои хешро иброз доштанд.                  Дар мавзӯи «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парламент дар Тоҷикистон аз нигоҳи коршиносон» баъди суханронии чанд нафар аз ҷомеашиносон баҳсҳои зиёде шуд.                    Умуман ҷаласа дар фазои озод гузашт ва умед аст, ки барои дар сатҳи хуб баргузор гардидани интихоботи дарпешистодаи парлумони Тоҷикистон хизмати хубе карда метавонад.

Сентябрь 24, 2009 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд