ҶАЛАСАИ НАВБАТӢ ДАР РАШТ
Рашт, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).-Рӯзи 24-уми сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии «Маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ» дар мавзӯи «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парламент дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Ин ҷаласа дар якҷоягӣ бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон амалӣ шуд. Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ аз ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва Роғун иштирок намуданд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Толибов кушод. Баъдан Мушовири калони Презинденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Кошонов С. К., намояндаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон андешаҳои хешро иброз доштанд. Дар мавзӯи «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парламент дар Тоҷикистон аз нигоҳи коршиносон» баъди суханронии чанд нафар аз ҷомеашиносон баҳсҳои зиёде шуд. Умуман ҷаласа дар фазои озод гузашт ва умед аст, ки барои дар сатҳи хуб баргузор гардидани интихоботи дарпешистодаи парлумони Тоҷикистон хизмати хубе карда метавонад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






