ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

Сентябрь 24, 2009 09:57

                Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғаллаи Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки то имрӯз дар мамлакат қариб 45 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шудааст. 43 ҳазору 300 тоннаи онро пахтакорони вилояти Хатлон ҷамъ оварданд. Айни ҳол дар саҳроҳои пахтазор тақрибан 186,6 ҳазор нафар ба ҷамъоварии пахта машғул аст.                Дар вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» роҷеъ ба нақшаи имсолаи ҷамъоварии пахта чизе нагуфтанд, танҳо изҳор намуданд, ки имсол ҳосили пахта он қадар фаровон нахоҳад шуд. Сабабҳои ин хеле бисёранд. Сербориш омадани фасли баҳор, хеле дер тӯл кашидани маъракаи кишт ва кам кардани масоҳати кишти пахта аз ҳамин ҷумла мебошанд.                 Қайд карда шуд, ки имсол дар мамлакат ҳамагӣ дар масоҳати бештар аз 170 ҳазор гектар чигит корида шуд. Ин нисбат ба соли 2008 – ум 70 ҳазор гектар кам мебошад.

Сентябрь 24, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд